Ҷашнҳои рӯзи 21 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи бисту якуми феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ буда, зимнан Рӯзи байналмилалии роҳбалад, дар Норвегия – Рӯзи шоҳ ва дар Намибия Рӯзи истиқлолият мебошад
Sputnik

Рӯзи 21 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1917 дар Руминия дар натиҷаи садамаи қатора зиёда аз 500 нафар ба ҳалокат расиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 20 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1925 дар Ню-Йорк аввалин шумораи рӯзномаи адабӣ-публитсистии "Ню-Йоркер" нашр шуд.

Соли 1940 синни банафақабароии  занони англис аз 60- солагӣ муқаррар карда шуд.

Соли 1995 дар Эстония Қонун "Дар бораи забон" қабул карда шуд.

Рӯзи 21 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2009 Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаҳои ниҳолшинонии чанд гӯшаи шаҳри Душанбе ширкат карда ва мардумро ба вусъат додани бунёди боғҳо ва сабзазоркунию ободонии муҳити зист ҳидоят намуд.

Соли 2009 феҳристи осорхонаҳои Тоҷикистон нашр шуд.

Соли 2012  дар муҳокимаи парлумонии палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иттифоқҳои қарзӣ" баррасӣ шуд.

Соли 2012 дар шаҳри Маскави Русия маросими ботантанаи ифтитоҳи Маркази фарҳанги Тоҷикистон "Хайём" баргузор гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 19 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи бознигарии солонаи машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардид.

Соли 2013 Тоҷикистон қонунеро қабул намуд, ки бар асоси он метавон заминро ба гарав гузошт.

Соли 2017 дар Ҳиндустон Фестивали 19—уми байналмилалии "Бхарат Ранг Махотсав" («Bharat Rang Mahotsav»), ки аввали моҳи феврал оғоз гардид, ба анҷом расид. Дар фестивали бонуфуз миёни дигар иштирокдорон аз 20 давлати дунё  намояндагони Тоҷикистон – ҳунармандони Театри давлатии мусиқӣ- драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом иштирок намуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 феврал

  • Рӯзи байналмилалии забони модарӣ.
  • Рӯзи байналмилалии роҳбалад.
  • Дар Норвегия – Рӯзи шоҳ.
  • Рӯзи истиқлолияти Намибия.

Рӯзи 21 феврал кӣ таваллуд шудааст

Аҳмади Учқурғонӣ (1914-1988)- шоир (Қирғизистон).

Оғоназар Ақназаров (1940)- доктори илми биологӣ, академики АИ.

Тоҷикистон, Арбоби илм ва техникаи ҷумҳурӣ.

Валентина Елфимова (1926)- доктори илми тиб.

Истад Мамадҷонова (1953)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Муҳаммадҷон Мирзошоев (1948)- нависанда, Журналисти шоистаи Тоҷикистон.

Акмал Миршакар (1961)- рассом, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.

Сайвалӣ Мўсоев (1940)- мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Зўрабек Ноёбшои (1957)- публисист.

Иброҳим Раҳматов (1921-1981)- мутарҷим.

Бахтиёр Умаров (1941)- доктори илмҳои физикаю математика.

Назаралӣ Холов (1948)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Алексей Чекалин (1938)- олими соҳаи техника, профессор.

Виктор Чечётка (1925)- рассом, Арбоби ҳунари Тоҷикистон.