Гузашти низомии 8 ҳазор сарбоз: ба Раҳмон силоҳу муҳимоти ҷангиро нишон доданд

Дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Ин намоиш ба 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ шинос шудааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон: ҳангоми таъсиси Артиши миллӣ як генерал ҳам надоштем

Аз тӯп то мошинҳои сайёр 

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ намунаи тупҳои қутрашон гуногун, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, мошинҳои мухталифи боркашу нақлиётӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдори замонавӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, аслиҳаи гуногуни сабуки ҷангӣ, норинҷаки дастӣ, воситаҳои махсуси ашковару беҳушкунанда, танку дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.

Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи мошинҳои сайёри бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз, ки метавонад дар ҳолати буҳрони ҷанг ва ё вазъияти фавқулодда ба таври фаврӣ ба мавзеъу минтақаҳои муайяншуда интиқол ёбад, шинос гардиданд.

Бино ба гузоориши котибот, мошинҳои сайёр ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст буда, ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати фавқулодда ва ё шуруъ шудани амалиёти ҷангӣ он метавонад бо ҳайати фармондеҳӣ ба мавзеъу минтақаи таҳдидкунандаи хатар ҳозир шавад ва зимоми идора намудани вазъиятро бар уҳда гирад ва аз ҳолати воқеӣ ба таври мустақим ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ хабар расонад.

Супоришҳои мушаххаси Раҳмон ба фармондони  Вазорати дифоъ

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ - Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми шиносоӣ аз намоишгоҳи муҳимоти ҳарбӣ, вобаста ба таҳдиди хатарҳои ҷаҳони муосир бобати самаранок истифода бурдану дар ҳолати хуби омодагии ҷангӣ нигоҳ доштани қувваю воситаҳои махсуси низомӣ, танку туп, силоҳу муҳимоти ҷангӣ, мутахассисони варзидаи низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи доимии афсарону сарбозон ба ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат, супоришҳои мушаххас додааст.

Манбаъ афзуда, ки баҳри баланд бардоштани қудрати ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол пойгоҳи тамоми қисмҳои низомӣ, бо техникаву лавозимоти мухталифи ҳозиразамони ҳарбӣ, заминаҳои хуби моддиву техникӣ ва дигар шароитҳои муосири хизмативу маишӣ ва ҳам таълимӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо афсарону сарбозон, ё худ ҳайати идоракунандаи техникаҳои зиреҳпӯши ҳарбӣ, ба онҳо дар самти хизмати содиқона ба ватан ва ҳимояи ҳар зарра хоки ин меҳан барору комёбиҳо орзу намудааст.