Савдо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳанӯз ба нишондоди соли 2000-ум нарасидааст

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон эълом кард, ки дар соли 2019 воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ба кишвар афзоиш ёфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Тоҷикистон дар соли 2019 аз Ӯзбекистон ба андозаи 190 миллиону 100 ҳазор доллар маҳсулот ворид кард, хабар додааст “Парстудей” бо такя ба сомонаи Вазорати рушди иқтисод ва савдо.

Манбаъ афзуд, ки Тоҷикистон низ ба андозаи 172 миллион доллар коло ба Узбекистон содир кардааст.

Вазири тоҷик таъсири коронавирус ба иқтисодиётро баррасӣ кард

Либос, газ, куди кимиёӣ аз ҷумлаи колоҳоеянд, ки Тоҷикистон аз Узбакистон ворид мекунад ва алюминий, семент, гач - бур ва масолеҳи мухталифи сохтмонӣ аз молҳои  содиротии Тоҷикитсон ба Узбакистон зикр шудаанд.

Манбаъ зикр кардааст, ки арзиши табодулоти тиҷории ду кишвар дар соли 2000 ҳудуди 500 миллион доллар буд, ки бо вуҷуди беҳбуди равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ аз соли 2017 то кунун ҳанӯз таомулоти иқтисодии ду ҷумҳурӣ ба ин мизон нарасидааст.

Тоҷикистон моҳи январ бо 78 кишвари мухталифи ҷаҳон тиҷорат доштааст. Русия монанди солҳои қабл ба унвони шарики аслии тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда ва мубодилаи тиҷории ду кишвар дар январ 96 миллион доллар будааст.

Чин бо 82 миллион доллар ва Қазоқистон бо 69 миллион доллар дар ҷойгоҳи дувум ва севум қарор доранд.