Коршинос дар бораи гароншавии патенти соҳибкорон: мардум одат кардаанд

Коршинос таъкид кард, ки ҳамасола дар охири сол гароншавӣ ба анъана даромадааст ва мардум ба ин одат кардаанд
Sputnik

Коршиноси рус Юрий Шуригин гуфт, ки гароншавии патент дар Тоҷикистон барои соҳибкорон чӣ натиҷа хоҳад дод.

Коршинос дар бораи гароншавии патенти соҳибкорон: мардум одат кардаанд

Дар Тоҷикистон патент барои соҳибкорон 8 дар сад гарон мешавад. Ба наздикӣ дар кишвар ҳаҷми пардохтҳо ва андозҳои иҷтимоиро бо назардошти таваррум муайян мекунанд.

Шуригин мегӯяд, арзиши патент вобаста ба самти фаъолияти соҳибкрон тағйир меёбад.

"Арзиши патент бо таваррум вобаста аст. Аз ин бармеояд, ки дар кишвар имсол таваррум 8 дар садро ташкил додааст. Баланд шудани арзиши патент ба фаъолияти соҳибкорон таъсире нахоҳад расонид", - таъкид мекунад вай.

Коршинос таъкид кард, ки ҳамасола дар охири сол гароншавӣ ба анъана даромадааст ва мардум ба ин одат кардаанд.