Гузориши аксӣ аз гузашти низомии 8 ҳазор сарбоз дар назди президент дар Душанбе

Sputnik

Дар пойгоҳи Гвардияи миллӣ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон ва Рустами Эмомалӣ намоиши силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва гузашти низомии ҳашт ҳазор нафар хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои сохторҳои қудратии гарнизони Душанбе доир гардид.

Раҳмон: сарбозони шуҷои тоҷик дар қатъи ҷангу хунрезӣ саҳми арзанда гузоштанд

 Ин намоиш ба 27-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ шинос шудааст.

Дар маҳалли баргузории чорабинӣ намунаи тупҳои қутрашон гуногун, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, мошинҳои мухталифи боркашу нақлиётӣ, мошинҳои махсуси зиреҳдори замонавӣ, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, аслиҳаи гуногуни сабуки ҷангӣ, норинҷаки дастӣ, воситаҳои махсуси ашковару беҳушкунанда, танку дигар лавозимоти муосири низомӣ, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат истифода мешаванд, ба намоиш гузошта шуд.

Гузашти низомии 8 ҳазор сарбоз: ба Раҳмон силоҳу муҳимоти ҷангиро нишон доданд

Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи мошинҳои сайёри бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз, ки метавонад дар ҳолати буҳрони ҷанг ва ё вазъияти фавқулодда ба таври фаврӣ ба мавзеъу минтақаҳои муайяншуда интиқол ёбад, шинос гардид.

Бино ба гузоориши котибот, мошинҳои сайёр ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст буда, ҳангоми ба вуқуъ омадани ҳолати фавқулодда ва ё шуруъ шудани амалиёти ҷангӣ он метавонад бо ҳайати фармондеҳӣ ба мавзеъу минтақаи таҳдидкунандаи хатар ҳозир шавад ва зимоми идора намудани вазъиятро бар уҳда гирад ва аз ҳолати воқеӣ ба таври мустақим ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ хабар расонад.

 

1 / 16
Раисҷумҳури Тоҷикистон низомиёни тоҷикро бо Рӯзи Артиши миллӣ шодбош гуфт
2 / 16
Дар гузашти низомӣ бештар аз 8 ҳазор аскарону афсарони тоҷик иштирок карданд
3 / 16
Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо маҷмӯи мухталифи техникаҳои гуногуни ҳарбӣ ва силоҳу муҳимоти ҷангӣ шинос шуд
4 / 16
Намунаи тупҳои қутрашон гуногун, техникаҳои вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ, артиллерияҳои худгард, мошинҳо, силоҳу муҳимоти ҳозиразамони ҳарбӣ, аслиҳаи гуногун ба намоиш гузошта шуданд
5 / 16
Эмомалӣ Раҳмон бо намунаи мошинҳои сайёри бо техникаву технологияҳои муосири ҳарбӣ муҷаҳҳаз, ки метавонад дар ҳолати буҳрони ҷанг ва ё вазъияти фавқулодда ба таври фаврӣ интиқол ёбад, шинос гардид
6 / 16
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар назди низомиёни тоҷик аз таъсисёбии артиши миллӣ дар замони бисёр мушкил ёдрас шуд
7 / 16
Президент таъкид намуд, ки аскарону афсарону тоҷик аз аввал шуҷову меҳанпараст буданд ва дар ин роҳ ҷони худро дареғ надоштанд
8 / 16
Сарфармондеҳи олӣ ёдрас шуд, ки дар замони феълӣ - зуҳури терроризм ва таҳдидҳои ҷаҳонӣ қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистонро такмил бояд бахшид
9 / 16
Дар анҷом Эмомалӣ Раҳмон низомиёнро бо Рӯзи Артиши миллӣ шодбош гуфт ва эътимоди худро нисбати онҳо дар ҳимояи ватан изҳор кард
10 / 16
Баҳри баланд бардоштани қудрати ҷангии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон айни ҳол пойгоҳи тамоми қисмҳои низомӣ бунёд ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст
11 / 16
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суҳбат бо афсарону сарбозон ба онҳо дар самти хизмати содиқона ба ватан ва ҳимояи ҳар зарра хоки ин меҳан барору комёбиҳо орзу намудааст
12 / 16
Дар ин маросими тантанавӣ шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ низ иштирок дошт
13 / 16
Гузашти низомӣ бахшида ба 27-мин солгардии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
14 / 16
Гузашти низомӣ бахшида ба 27-мин солгардии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
15 / 16
Гузашти низомӣ бахшида ба 27-мин солгардии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
16 / 16
Гузашти низомӣ бахшида ба 27-мин солгардии таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон