Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд

Афзалшоҳ Шодиев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, аз вазифаи раиси Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев сабукдӯш шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон,  ба ҷойи Афзалшоҳ Шодиев ба вазифаи директори Филармонияи давлатии Тоҷикистон Кароматулло Раҳимзода, ки то ин вақт директори мактаби мусиқии ба номи Миратулло Атоев буд, таъин шуд.

Суруди Афзалшо Шодиев дар озмуни Сада беҳтарин шинохта шуд

Масъулини вазорати фарҳанги Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон қайд карданд, тағйироти кадрӣ дар Филармонияи давлатӣ дар асоси ротатсия ё ҷойивазкунии кадрҳои роҳбарикунанда сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, худи Афзалшоҳ Шодиев низ дар суҳбати телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон хабари барканориашро тасдиқ ва гуфт субҳи имрӯз директори навро бевосита вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода муаррифӣ намуд.

Афзалшоҳи Шодӣ, овозхони маъруфи тоҷик, аз соли 2014 боз раёсати Филармонияи давлатии ба номи Акашариф Ҷӯраевро бар уҳда дошт. Дар гузашта таронаҳои ӯ дар бораи Самарқанду Бухоро миёни мардуми Тоҷикистон маҳбубияти зиёде пайдо кард.

Ӯ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва дар моҳи феврали соли 2013 дар Русия ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро дарёфт кардааст.