Роналду ба дӯстдухтараш ҳар моҳ то 100 ҳазор евро пардохт мекунад - расонаҳо

Футболбоз аз арӯсаш духтарчае дорад, ки соли 2017 ба дунё омадааст. Дар баробари ин ситораи футбол соҳиби се фарзанди дигар аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ҳамлагари португалии дастаи "Ювентус" Криштиану Роналду ҳар моҳ ба дӯстдухтараш Ҷорҷинӣ Родригес аз 50 то 100 ҳазор евро пардохт мекунад, менависад  Eurosport бо такя ба шабакаҳои телевизионии Испания.

Футболбози 35-сола ба Родригес барои нигоҳубини фарзандон ин маблағро пардохт мекунад. Аз ин ҳисоб 8 ҳазор евроро ба Ҷорҷинӣ ширкатҳои рекламавӣ пардохт мекунад.

Ҷорҷинӣ Родригес - модари духтари хурдии Криштиану Алана Мартинӣ мебошад, ки моҳи ноябри соли 2017 ба дунё омадааст. Ин ҷуфт то ҳол ақду никоҳ набастааст.

Ҳамчунин, Роналду соҳиби се фарзанди дигар аз модарони ҷудогона мебошад - Криштиануи нӯҳсола ва дугоникҳо Ева ва Матео, ки моҳи июни соли 2017 ба дунё омадаанд.

Нашриёт хабар медиҳад, ки фақат ороишоти як дасти Ҷорҷинӣ наздики як миллион евро нарх дорад.

Гаронбаҳотарини онҳо ангуштарине бо ёқути кабуд ва алмос мебошад, ки 800 ҳазор евро қиммат дорад.