ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона 1+4 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона 4-9 дараҷа хунук мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 7+12 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо туман мефарояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм мешавад.
Обу ҳаво: дар Суғду ВМКБ борон, дар Душанбеву Хатлон гармии тоқатфарсо
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад.Ҳаво дар водиҳо шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона 11+16 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш пешбинӣ шудааст. Шамол аз самти ғарб бо гузариш ба шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 1-3 дараҷа хунук ва рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.