Бо супориши Рустами Эмомалӣ хиёбони Саъдии Шерозӣ навсозӣ мешавад

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ супориш додааст, ки хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Син бозсозӣ шавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар асоси супориши  раиси шаҳри Душанбе  Рустами Эмомалӣ  лоиҳаи нақшаи тарҳрезии иморатсозии хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино  таҳия гардид.

Бинои озмоишгоҳи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии Хуҷанд бозсозӣ мешавад

Ба иттилои котиботи раиси шаҳри Душанбе, лоиҳаи мазкур аз ҷониби  Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе ва ҶСК ПИЛҶ "САНИИОСП" тарҳрезӣ  шудааст.

Марҳамат ба шиноварӣ: Аҳмадзода се шиногоҳи Хуҷандро бозсозӣ кард

Гуфта мешавад, масоҳати ҳудуди қитъаи тарҳрезишуда  37,00 гектарро  дар бар гирифта, дар он бунёди 77 адад биноҳои истиқоматӣ, 1 адад бинои маъмурӣ, 4 адад биноҳои маъмурии бисёрфунксионалӣ  ба нақша гирифта шудааст.

"Дар хиёбони Саъдии Шерозӣ аз буриши хиёбони Неъмат Қарабоев то хиёбони Ҷаббор Расулови ноҳияи Сино васеъшавии муассисаҳои таҳсилоти  миёнаи умумии мавҷуда — №32, №67, №37, №66, №2, №90 дар назар дошта шудааст. Дар хиёбони мазкур боғчаи кӯдаконаи  мавҷуда -№112 "Ивушка", "Баҳористон", №101 ва №48  васеъ гардида, 1 адад кӯдакистони нав барои 250 нафар сохта мешавад. Дар ин минтақа дар масоҳати 1,80 гектар майдончаҳо барои истироҳати сокинон бунёд мегарданд",- омадааст дар хабар.

Дар қитъаи тарҳрезишуда  дар масоҳати 5,00 га роҳҳои мошингард, 6,04 га роҳравҳо ва 8,00 га  майсазор  бунёд мегарданд. Ҳамчунин сохтмони марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва  нозироти минтақавӣ пешбинӣ шудаанд. Дар ин хиёбон  дар масоҳати 5,61  га  15 адад майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, бо дарназардошти  бунёди майдончаҳо барои бозии кӯдакон  масоҳати 1,61га  ҷудо гардидааст.