Алсу иқрор шуд, ки барои ғолиб омадани духтараш дар барномаи "Голос. Дети" овоз харидаст

Ба боварии Алсу овоздиҳӣ дар ин барнома ба таври музояда буд ва қариб дар тамоми мавсимҳои барномаи "Голос. Дети", ширкаткунандагон раъйро мехаранд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Овозхони саршиноси рус Алсу ахиран иқрор шудаст, ки барои ғолиб омадани духтараш Миккела Абрамова дар барномаи "Голос. Дети" аз Шабакаи аввал, овозҳо харид намудаст.

Дар ин бора Алсу дар мусоҳиба бо Ксения Сабчак изҳори назар намудаст.

"Бале, ман иқрор мешавам, ки ҳақиқатан барои ғолиб омадани фарзанди худ раъй харид намудам. Ман овозҳоро ба ҳамон миқдоре, ки тибқи қавонини шабакаи якум мувафиқ аст, ба даст овардам".

Ба гуфтаи Алсу, овоздиҳӣ дар ин барнома ба мисли музояда аст ва ҳар нафар метавонад овозҳои лозимиро харидорӣ кунад. 

"Ҳамаи ширкаткунандагон овозҳоро харид мекарданд, зеро талабот ҳамин хел буд. Шахсан ман 40 паёмакро харид кардам".

Сипас, муҷрии барнома, Сабчак аз оқибати ҷанҷолҳо пас аз анҷоми "Голос. Дети" пурсон шуд, вале Алсуро гиря гулӯгир кард.

Адолат ҳаст: Шабакаи аввал пирӯзии духтари Алсуро дар "Голос.Дети" бекор мекунад

Ӯ аз он изҳори таассуф кард, ки нохоста дили фарзанди худро дардманд кард.

"Миккел аз натоиҷи барнома шикасти равонӣ дид. Вай ба ин ҳолат сазовор набуд, ман хеле пушаймонам".

Алсу иҷоза дод, духтараш хити овозхони ҷавонмарг- Юлия Началоваро сарояд-видео

Ёдовар мешавем, ки дар барномаи "Голос. Дети" нахуст духтари 10 - солаи Алсу, Миккела Абрамова бо касби 56,5 дарсади овозҳо пирӯз шуд, вале ба норизогии аксар доварон ва тамошобинони ин барнома анҷомид.

Пас аз пирӯзии духтари даҳсолаи Алсу - Микелла Абрамова дар барномаи "Голос.Дети", тамошобинон дар шабакаи иҷтимоӣ аз ҳунарнамоии духтарак ва натиҷаҳои барнома изҳори норизогӣ карданд.

Ба гуфтаи бештари тамошобинон, духтари Алсу ба ин пирӯзӣ лоиқ набуд.

Фақат баҳс намекунед: Алсу навори нави сурудхонии духтарашро мунташир кард

Бархе аз онҳо изҳор доштанд, ки овоздиҳӣ ноодилона буд ва ин эътимоди тамошобинонро ба барнома ва худи телевизион коста мекунад.

Зимнан, бо гузашти чанд вақт ва пас аз анҷоми тафтишот дар ин самт пирӯзии Миккела Абрамоваро бекор карданд.

Алсу - овозхони рус, ровии телевизион, ҳунарманди хизматнишондодаи Русия ва ҳунарманди мардумии ҷумҳурии Тотористон мебошад.

Ӯ соли 2000 Русияро дар озмуни "Евровидение" муаррифӣ карда, дар он ҷои дувумро соҳиб шудааст.