Ҳалол ё не: Шӯрои уламо оид ба кор дар марказҳои букмекерӣ

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суоли корбари сомонааш дар мавриди ҳалол будан ё набудани кор дар марказҳои букмекерӣ посух додааст.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, агар равиши кори чунин коргоҳҳо бар асоси қимор бошад, пас фаъолият кардан дар он дуруст нест.

Ба гуфти Шӯрои уламо, қимор бо ояти қуръонӣ ҳаром аст.

Вобастагӣ аз марказҳои букмекерӣ се ҷавонро ба роҳи дуздӣ бурдааст

Ин ниҳоди динии кишвар қаблан дар посух ба суоли корбарони дигари сомонааш дар мавриди истифодаи фоида аз идораҳои букмекерӣ тавсия дода буд, ки, "маблағе, ки аз ҳисоби букмерӣ ба даст меояд, ҳамаи онро ба ниёзмандон сарф кунед".

Шӯрои уламои Маркази исломӣ дар хитоб ба ҷавонон афзудааст, ки вақти гаронбаҳояшонро дар марокизи букмерӣ зоеъ накунанду ба омӯзиши илму ҳунар сарф намоянд ва ҳатман комёб хоҳанд шуд.

Соли гузашта низ Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе дар пайи як мулоқот аз раҳбарони ширкатҳои букмекерӣ хост ноболиғонро ба маконҳояшон роҳ надиҳанд ва дар сурати риоя накардани дастур фаъолияташон қатъ карда мешавад.

Гуфта мешавад, ҳоло дар ҳудуди шаҳри Душанбе 8 ширкати букмекерӣ дар 139 нуқта, бо шумораи 160 нафар корманд фаъолият менамоянд.