Сарвазири Русия вуруди шаҳрвандони Чинро ба Русия мамнӯъ кард

Ин маҳдудият ба мусофироне, ки тариқи транзит вориди Русия мешаванд, дахл надорад. Қарори мазкурро сарвазири Русия Михаил Мишустин ба имзо расонд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Сар аз 20 - уми феврал вуруди шаҳрвандони Чин ба қаламрави Русия барои муддати номаълум маҳдуд карда мешавад, хабар медиҳад RT.

Дар Русия зимни ташхиси иловагӣ аз шаҳрванди Тоҷикистон “Коронавирус” ошкор нашуд

Қарори манъи вуруди шаҳрвандони Чин ба Русияро сарвазири ин кишвар Михаил Мишустин, ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризии сироятии "вируси тоҷдор" ба имзо расонд.

"Вуруди шаҳрвандони Чин ба мақсади кору таҳсил, сайёҳат ва дигар корҳои шахсӣ ба қаламрави Федератсияи Русия муваққатан маҳдуд карда мешавад", - омадааст дар хабар.

Зикр мегардад, ки маҳдудияти вуруди шаҳрвандони Чин аз 20 - уми феврал шурӯъ гардида, он ба мусофироне, ки тариқи транзит вориди ин кишвар мешаванд, дахл надорад.

Сардухтури 51 - солаи беморхонаи Вуҳан аз коронавирус фавтид

Тибқи маълумотҳои ахир, бар асари маризии коронавирус дар Чин дасти кам 1873 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 73 ҳазор нафар мубталои ин маризӣ ҳастанд.

Зимнан, табибон тавонистанд ҷони беш аз 12 ҳазор дардмандро аз марг наҷот диҳанд.