Коршинос: доду войи Абдуллоҳ беҳуда, пирӯзии Ғанӣ - пирӯзии мардум аст

Коршинос афзуд, ки ҷанибдории мардум аз Ғанӣ пеш аз ҳама барои он аст, ки ӯ тавонист дар атрофаш тими ҷавони сиёсатмадорони афғонро гирд оварад. Ин тим на ба ҷиҳоди шӯравӣ, на бо толибон ва на бо муҷоҳидон иртиботе надорад
Sputnik

Интихоботи Афғонистон шикасти муҷоҳидонро хело рангин инъинкос кард, мегӯяд коршиноси рус Анрей Серенко.

Ба гуфтаи ӯ, интихобот на танҳо шикасти Абдуллоҳро нишон дод, балки шикасти боварии мардумро ба муҷоҳидон хело хуб дарҷ намуд.
"Имрӯзҳо дар Афғонистон намехоҳанд муҷоҳидонро бо сарварии Абдуллоҳ ё сиёсатмадори дигар дастгирӣ кунанд. Барои ҳамин мардум ба ҷонибдории вай овоз надоданд", - таъкид мекунад вай.

Коршинос: доду войи Абдуллоҳ беҳуда, пирӯзии Ғанӣ - пирӯзии мардум аст

Коршинос афзуд, ки ҷанибдории мардум аз Ғанӣ пеш аз ҳама барои он аст, ки ӯ тавонист дар атрофаш тими ҷавони сиёсатмадорони афғонро гирд оварад. Ин тим на ба ҷиҳоди шӯравӣ, на бо толибон ва на бо муҷоҳидон иртиботе надорад.

"Барои онҳо кишвари исломӣ арзишест, ки омодаи ҳифз кардани он ҳастанд. Тими Ғанӣ ҳам дар мақомоти қудратӣ, ҳам дар сиёсӣ ва дар амниятӣ дорои мартабаҳои баланданд. Ғанӣ, ҳарчанд худ ҷавон набошад ҳам, тавонист дар атрофаш командаи ҷавононро ҷамъ кунад", - қайд мекунад сиёсатшинос.

Серенко гуфт, ки пирӯзии Ғанӣ на танҳо аз ӯст, балки аз насли нави Афғонистон аст. 

Абдулло бо доду вояш барои худ дар бари Ғанӣ ҷой мекобад, гуфт дар анҷом Серенко.

Ин назари коршинос дар ҳолест, ки бештари сиёсатшиносони дигар ба шаффофияти интихобот дар Афғонистон мӯътақид нестанд.