Ашраф Ғанӣ расман дубора ба симати раисҷумҳури Афғонистон расид

Пас аз чаҳор моҳ аз баргузории интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон Комиссияи интихоботи ин кишвар Муҳаммад Ашраф Ғаниро барандаи ин интихобот эълом кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ҳавво Алам Нуристонӣ, раиси Комиссияи интихоботи Афғонистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо касби 50,64 дарсад аз ороъ барандаи интихобот аст, иттилоъ додааст хабаргузории “Parstoday”.

Зиёд шудани ихтилоф миёни Ашраф Ғанӣ ва сиёсатмадорони Афғонистон дар масири сулҳ

Бар асоси эъломи ин комиссия, Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо касби 72 ҳазору 841 раъй 39.52 дарсади ороъро ба худ ихтисос дод.

Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон 28 сентябр баргузор шуд ва дар он рақобати аслӣ байни Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури кунунӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи Давлати Ваҳдати Миллии ин кишвар сурат гирифт.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихоботи раёсатҷумҳуриро рад кард

Ин дар ҳолест, ки Фаридун Хазун, сухангӯи тими “Субот ва ҳамгароӣ”-и вобаста ба Абдуллоҳ Абдуллоҳ эълом кардааст, ки натоиҷи эъломшуда аз сӯйи Комиссияи интихоботи Афғонистонро намепазирад.