ВМКБ - ро заминҷунбии 4 - балла такон дод

Тоҷикистонро имрӯз заминҷунбӣ такон дод. Маркази зилзила дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон будааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон имрӯз тақрибан соати 16:29 дақиқа зилзила ба амал омад.

Заминларза дар Афғонистон Тоҷикистонро низ ларзонд

Ба иттилои Маркази зилзилашиносии ҷаҳон, макони заминҷунбӣ дар 350 км қисмати ҷанубу шарқи Душанбе, дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон рух додаааст.

Тоҷикистонро заминҷунбии 4 балла такон дод

Манбаъ меафзояд, қувваи зилзила дар марказ ба 4 дараҷаи Рихтер баробар буда, дар шаҳри Душанбе шиддати он то 2- 3 дараҷа эҳсос мешуд.

Гуфта мешавад, заминҷунбӣ муддати 72 сония давом кард ва дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ надоштааст.