ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Фарҳод Абдурашидзода мудири Фурудгоҳи байналмилалии Бохтар мегӯяд дар садади кушодани хати парвоз ба Чину Қазоқистон қарор доранд.
Абдурашидзода дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ изҳор доштааст.
Ба гуфтаи ӯ Фурудгоҳи Бохтар пас аз сукути чанвақта аз соли 2018 ба фаъолият шурӯъ кард ва феълан давоми як ҳафта 4-5 маротиба парвозҳо самти Маскавро анҷом медиҳад.
Муҳоҷир бисёр: ду хатсайри нави "Сомон Эйр" аз Тоҷикистон ба Русия
Зикр гардид, ки Ҳукумати кишвар аз Фонди дастгирии соҳибкорон барои дароз кардани хати парвоз 7 миллион сомонӣ ихтисос дод ва акнун хати парвоз ба 165 метр дароз карда шудааст.
Абдурашидзода афзудааст, ки айни замон хати парвоз 2 450 метрро ташкил медиҳад ва дар ояндаи онро боз ҳам дарозтар хоҳанд кард.