Намояндаи ҷунбиши Толибон дақиқ гуфт кай тавофуқномаи сулҳ бо Амрико ба имзо мерасад

Дар пайи эъломи мақомоти амрикоӣ бар асоси тавофуқи ин кишвар бо Толибон сарони ин гуруҳ имрӯз эълом карданд, ки моҳи феврал ин тавофуқ ниҳоӣ мешавад ва ба имзои тарафайн мерасад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории Форс, пас аз баргузории 9 давра музокирот миёни Амрико ва Толибон, имрӯз мақомоти ин гуруҳ аз поёни гуфтугӯҳо хабар дода ва эълом карданд ин тавофуқнома ба зудӣ имзо хоҳад шуд.

"Толибон" ба Амрико сулҳ пешниҳод кард

Дар ҳамин ҳол Абдусалом Ҳанафӣ муовини раиси Дафтари сиёсии Толибон дар Қатар аз поёни музокироти ин гуруҳ бо Амрико хабар дод ва гуфт, ки то поёни ин моҳ тавофуқномае миёни ду тараф имзо хоҳад шуд.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико эълон карда буд, дар пайи хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон аст ва қасд дорад ба тӯлонитарин ҷанги Амрико поён диҳад.

Трамп эътироф кард ҷанги Афғонистон ҳазинаи сангинеро бар хонаводаҳои Амрико таҳмил кардааст.

Пас аз он ки соли гузашта Трамп музокироти миёни Амрико ва Толибонро ба далели кушта шудани як сарбози амрикоӣ дар Кобул мутаваққиф кард, Толибон эълом кард, ки ҷанг то хуруҷи комили нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон идома хоҳад дошт.

Ба гуфтаи рӯзномаи амрикоии Нию-ЙоркТаймз, Трамп ба сурати машрут тавофуқ бо Толибонро пазируфта ва дар сурате, ки ин гуруҳ ба Тарҳи ҳафтрӯзаи коҳиши хушунатҳо байни Амрико ва Толибон пойбанд бошад, ин тавофуқ имзо хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дафтари раёсатҷумҳурии Афғонистон (АРГ) низ дар баёнияе эълом кард бар асоси гуфтаи мақомоти амрикоӣ тамоми бандҳои тавофуқ бо Толибон машрут буда ва ин гуруҳ дар музокирот пазируфтааст даст аз ҷангу хушнат бардорад ва як ҷомеаи касратгароро дар Афғонистон бипазирад.