Мусодира ва ошкор кам шуд: Тоҷикистон аз кашфи беш аз 1600 кило маводи мухаддир хабар дод

Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон эълон кард, ки дар соли гузашта 1637 килограм маводи мухаддир кашф ва мусодира шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik.  Масъулини Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ таъкид доштанд, ки дар соли 2018 дар Тоҷикистон, дар маҷмӯъ ҳудуди 3 тонна ва 696 ҳазор килограм маводи мухаддир ошкор ва мусодира шуда буд.

Афзоиши 50 баробарии кишти маводи мухаддир дар Афғонистон

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар соли 2019  дастгоҳҳои иҷроии мубориза бо маводи мухаддир 582 ҷурму ҷиноят марбут ба қочоқи маводи мухаддирро кашф карданд.

Соли гузашта 67 килограм героин, ҳудуди 76 килограм  афюн, 138 килограм гашиш ва 4 килограм шоҳдонаи қочоқ ошкор ва мусодира шуд.

Ҳамчунин 113 парвандаи қазоӣ бо кайфархост алайҳи 170 нафар ташкил ва ба додгоҳҳо ирсол шуд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран фармондеҳи нерӯҳои интизомии Эрон бо ишора ба лашкаркашии Амрико ба Афғонистон гуфт, пас аз ҳузури Амрико, тавлиди анвои маводи мухаддир дар Афғонистон 50 баробар шудааст. 

Фармондеҳи нерӯҳои интизомии  Эрон бо баёни ин ки  700 тонна намудҳои маводи мухаддир дар 10 моҳи гузашта дар Эрон кашф шудааст тасреҳ кард, ин мизон нисбат ба муддати мушобеҳи соли гузашта 18 дарсад афзоиш доштааст.