Ихтисоси бурсия барои донишҷӯёни тоҷик: Давлатзода бо Лякин - Фролов мулоқот кард

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо сафири Русия дар Тоҷикистон масоили ихтисоси бурсия барои донишҷӯёни тоҷикро баррасӣ кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Зулфия Давлатзода Вазири фарҳанги Тоҷикистон бо сафири Русия Игор Лякин- Фролов ва Михаил Вождаев мудири намояндагии Россотрудничестваро мулоқот баргузор намуд.

"Ҳамин тавр шуд": Тоҷикистон аз ҳама бештар бурсияҳои Русияро ба даст овард

Ба иттилои котиботи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, дар ҷараёни мулоқот, ҷонибҳо оид ба таҳкими муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия, тавсеи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногуни фарҳангу санъат ва илм сӯҳбат намуданд.

Бурсияҳои таҳсилӣ барои довталабони тоҷик: Русия – 630, Украина – 20

Манбаъ меафзояд, масоили ихтисос ёфтани бурсия барои донишҷӯёни тоҷик аз мавзӯи меҳварии мулоқоти вазири тоҷик бо сафири Русия ва мудири Россотрудничества буд.

Ҳамзамон, намояндагони Тоҷикистону Русия,  багузории Ҷашнвораи кӯдаконаи "Гулҳои Русия" дар Тоҷикистон ва ҷузъиёти ташкилии таҷлили "Иди ғалаба" - ро мавриди баҳсу баррасӣ қарор доданд.