Дар асорати курдҳо? Вазир дар бораи баргардонидани занону кӯдакони тоҷик аз Сурия

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, бештари шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Нерӯҳои демократики Сурия зиндониянд ва теъдоди онҳо то ба ҳол дақиқ нашудааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Сироҷиддини Муҳриддин зимни нишасти матбуотии солонаи ниҳодаш дар ҷамъи хабарнигорон гуфт, тибқи иттилои созмонҳои байнулмилалие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Арабии Сурия фаъолият мекунанд, 212 зану кӯдаки тоҷик омодагии худро барои бозгашт ба ватан изҳор доштаанд.

“Мо дастури дақиқ аз раҳбарияти олии кишвар дорем, ки онҳоро ба ватан баргардонем. Тибқи иттилое, ки мо дар даст дорем, дар ҳоли ҳозир дар урдугоҳҳои Сурия ҳудуди 500 шаҳрванди Тоҷикистон зиндониянд. Барои маълум кардани шумораи дақиқи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Сурия тамоми чораҳои зарурӣ рӯи даст гирифта шудаанд”, - гуфт вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Сироҷиддин Муҳриддин: дар Сурия 212 нафар занону кӯдакон хостори бозгашт ба Тоҷикистонанд

Баргардонидани бозмондагони хонаводаҳои ҷангиёни тоҷики ДОИШ, ки тайи қариб як даҳаи ахир дар ҷангҳои Ховари Миёна дар сафи ин гуруҳи террористӣ алайҳи ҳукуматҳои Сурияву Ироқ ҷангида, дар пайи шикасти ин гурӯҳ кушта ё бандӣ шудаанд, ду сол ба ин сӯ ба як мушкили ниҳодҳои дипломативу амниятии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз моҳи августи соли гузашта эълон карда буданд, ки дар зиндонҳои Ироқ 43 зану як кӯдак ва дар урдугоҳҳои Сурия 554 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Соли гузашта ҳукумати Тоҷикистон муваффақ ба ин шуда буд, ки 84 кӯдаки худро аз Ироқ ба ватан баргардонад ва онҳоро таҳти муроқибат гирад.

Дар соли 2018 дар даргириҳои Сурия ва Ироқ 470 шаҳрванди Тоҷикистон дар кушта шуд

Ҳоло ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз маълум набудани шумораи дақиқи занону кӯдакони тоҷик дар Сурия сӯҳбат мекунад, ишора ба он аст, ки теъдоди дақиқи занону кӯдакони тоҷик дар Сурия ҳамоно метавонад кам ё зиёд бошад.

Мавсуф кундии пешрафт дар ин маъмурияти ҳукумати Тоҷикистонро шарҳ дода, бар вижагии воқеиятҳои Сурия таъкид кард.

“Моро лозим аст, ки аз як сӯ бо ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Сурия ва аз сӯи дигар, бо Нерӯҳои демократии Сурия вориди музокирот шавем. Тавре огоҳ ҳастед, ин урдугоҳҳо бештар дар қаламрави таҳти назорати Нерӯҳои демократии Сурия қарор доранд”, - афзуд вай.
Миёни шаш мурда: Марям дар бораи зиндагии фоҷиабораш дар Ироқ нақл кард

Неруҳои демократии Сурия ё Артиши демократии Сурия як эътилофи низомӣ дар Сурия аст, ки 10 октябри соли 2015 бо ҳимояти эътилофи байнулмилалии таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ташкил шуд ва нерӯи асосии онро отрядҳои худдифоъии курд ташкил мекунанд. Русия низ дар баробари ҳукумати марказии Сурия аз ҳомиёни ин нерӯӯҳо муаррифӣ мешавад.

Бино ба иттилои расонаҳои ҷаҳонӣ, маҳз Нерӯҳои демократии Сурия теъдоди бузурги ҷангиёни ДОИШ ва дигар гурӯҳҳои террористиро бо аъзои хонаводаҳои онҳо дар асорати худ нигаҳ медоранд.

Сироҷиддини Муҳриддин гуфт, Тоҷикистон бо ҳарду ҷониб – ҳама ҳукумати Сурия ва ҳам Нерӯҳои демократии Сурия - дар ҳоли музокирот аст. Вай афзуд, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ба ин кор муваззаф шудааст.

Бо супориши Раҳмон: Марям ва се кӯдаки дигарро аз Ироқ ба ҶТ оварданд

“Сафири мо дар Кувайт, тавре медонед, ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Сурия аст. Ӯ ба намояндагӣ аз ҳукумати мо музокиротро бо ҷониби Сурия раҳбарӣ мекунад. Ба ҷуз ин мо бо Хазинаи кӯдаки Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва Ҳилоли Аҳмари байнулмилал дар Душанбе ҳамкорӣ дорем, ки омодагии худро барои кӯмак дар баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон изҳор доштанд”, - афзуд ӯ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар боби таъсиси намояндагии муваққати дипломатии Тоҷикистон дар Сурия низ изҳори назар карда, гуфт, ин масъала дар ҳоли ҳозир дар марҳалаи баррасӣ аст, аммо бо ин вуҷуд намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Кувайт муназзам аз кишвари Сурия маҳз ба хотири баргардонидани шаҳрвандонаш дидан мекунанд.