Хадамот ба муҳоҷирон: лайк нагузореду дар масҷидҳо шинос нашавед

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд ба муҳоҷирон гуфт, чӣ гуна бояд худро аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ эмин нигоҳ дошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд Манзурат Сатторова таъкид дошта, ки ҳадафи асосии гурӯҳҳои экстремистӣ ҷалби шахсони бегуноҳ, аз ҷумла ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои содир кардани ҷиноятҳои вазнини террористию экстремистӣ мебошад.

"Барои шомил кардан ба сафҳои худ гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ кӯшиш менамоянд ба гурӯҳи муайяни аҳолӣ ру биёранд, ки инҳоро ҷавонон, шахсони бекор ва камбизоат, муҳоҷирони меҳнатӣ, шахсони ба маблағ ниёздошта, аз волидон ва ё ҷамъият ранҷида ташкил медиҳанд", - гуфт Сатторова зимни вохӯрӣ бо бошандагони маҳаллаҳои "Тути калон" ва "Хуҷанд".

Ӯ афзуд, барои эмин доштани худ аз доми гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ ҳар як шахс, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бояд аз маҳфумҳои экстремизм, терроризм ва террорист бояд бохабар бошанд.

Президент: санҷишҳои нақшавии муҳоҷирон бефоида аст

Нигаронии Убайдуллоев аз ҳоли муҳоҷир, гурези соҳибкор, коронавирус ва пули монда дар бонк

"Сокинони Тоҷикистон даҳшати терроризму экстремизмро солҳои 90-уми асри гузашта бо чашми худ дидаанд. Амалҳои террористию экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом имрӯз низ ба мушоҳида мерасад", - афзуд Сатторова.

Интихобот дар Маскав: ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар бораи интихобот гуфтанд

Тавсияҳои Хадамоти муҳоҷират ба муҳоҷирон

  • Дар вақти сафар кардан ба ваъдаи даромади муфт ва зуд ҳал кардани мушкилиҳоятон дар хориҷи кишвар ба ҳеҷ кас бовар накунед.
  • Ба ваъдаҳои дарёфти кори муносиб ва музди меҳнати баланди пешниҳоднамудаи шахсони шубҳанок, ки шумо онҳоро намешиносед, бовар накунед.
  • Ба паёмаку даъватҳои ношинос ва шубҳаовар ҷавоб надиҳанд, ба расму видеоҳои хусусияти даъватию таблиғотӣ доштаи ин гурӯҳҳо лайк нагузоред.
  • Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва масҷидҳо дар хориҷи кишвар аз шиносоӣ ва сӯҳбат бо афроди ношинос ва шубҳанок дурӣ ҷӯед.
  • Дар вақти дучор шудан ба чунин ҳолатҳо кӯшиш накунед, ки мушкилоти худро дар танҳоӣ ҳал накарда, балки ба Сафоратхонаву Консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират, ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳои дар ҳудуди Федератсияи Россия буда муроҷиат намоед.