ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар интернет аксҳои пизишкони чинӣ нашр шудааст, ки асари ниқобҳои зидди коронавирусро, ки 24 соат мепӯшанд, нишон медиҳад.
Аз аксҳо дида мешавад, чӣ гуна пас аз пӯшидани тӯлонии ниқоби зидди коронавирус, рӯйи пизишкон пур аз ҷароҳату, ожангҳои даҳшатнок аст.
Нашри ин аксҳо дар интернет аз тамоми гӯшаю канори дунё,вокуниши зиёдеро ба бор овард. Аксари корбарон ин пизишконро "қаҳрамонҳои аслӣ" унвон мекунанд.
Чин нафароне, ки гирифтории худ ба коронавирусро пинҳон медоранд, эъдом мекунад
Чуноне The Daily mail менависад, қариб ҳамаи аксҳо аз пизишкони беморхонаи Вуҳан - макони зуҳури вирус мебошанд.
Беш аз як моҳ мешавад, ки шаҳри Вуҳан бо 11 миллион кас аз дунё барканда ва дар карантин қарор дорад. Пизишкон, ки ҳамарӯза бо вируси марговар рӯ ба рӯ мешаванд, маҷбур 24 соат ниқоб мепӯшанд.
Донишҷӯи тоҷик дар Вуҳан гуфт, чигуна худро аз "вируси тоҷдор" ҳифз мекунад
Ҳамин тавр, бино ба гузориши ахир, дар Чин то имрӯз 70 548 сироятёфта ба қайд гирифта шуда, 1770 нафар ҷон бохту 10 844 нафар табобат ёфта аз бемористон мураххас шуданд.