Рустами Эмомалӣ раисони 17 шаҳри ҷаҳонро ба Наврӯз даъват кард

Имсол ҷашни асосӣ дар майдони "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе баргузор мешавад. Фарҳангиёни пойтахт намоишномаи "Мо ворисони Наврӯз"-ро ба саҳна хоҳанд гузошт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба  раисони 17 шаҳрҳои ҷаҳон, бародаршаҳрҳои Душанбе ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ дар пойтахти Тоҷикистон даъватнома ирсол намудааст. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Маълум шуд, "Наврӯз" - и соли 2020 дар куҷо ва чигуна таҷлил мешавад

Ҳамин тавр, даъватнома ба раисони Лусака, Санъо, Монастир, Лаҳор, Клагенфурт, Боулдер, Ройтлинген, Мазори Шариф, Теҳрон, Шероз, Санкт-Петербург, Минск, Урумчи, Анқара, Сямэн, Ишқобод ва Чиндао ирсол гардидааст. Ҳамчунин шаҳрдории Маскав ва Тошканд низ ба Наврӯзи Душанбе даъват шудаанд.

Чанде пеш мақомоти иҷроияи Душанбе нусхаи қарори раиси шаҳрро дар бораи тасвиби нақшаи чорабиниҳои ҷашни Наврӯз мунташир кард.

Аз "Кохи Наврӯз" то "Боғи Рӯдакӣ": экскурсияи ёвари Раҳмон барои хабарнигорони хориҷӣ

Имсол ҷашни асосӣ дар майдони "Наврӯзгоҳ"-и Душанбе баргузор мешавад. Фарҳангиёни пойтахт намоишномаи "Мо ворисони Наврӯз"-ро ба саҳна хоҳанд гузошт.

Тайи чанд рӯз дар боғу марказҳои фарҳангии тамоим ноҳияҳои пойтахт консерт, намоишгоҳ, озмуну базиҳои шавқовар барои сокинону меҳмонон баргузор хоҳад шуд.

Афзун бар ин, бахшида ба Наврӯз толибилмони мактабҳоро ба осорхонҳои шаҳр мебаранд. Ҳамчунин ташкили озмунҳои варзишӣ барои наврасон дар назар аст.

Таҷлили ҷашни Наврӯз дар Берлин

23 ва 24 март дар "Наврӯзгоҳ" куштӣ ва пойга баргузор мешавад.