Худоёрзода ба намояндаи САҲА: барои тамоми ҳизбҳо шароити баробарро фароҳам овардаем

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки фаъолияти комиссия тибқи қонунгузорӣ ба роҳ монда шудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Бахтиёр Худоёрзода дар мулоқот бо ҳайати Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтааст, ки "барои тамоми ҳизбҳо шароити баробарро фароҳам овардаем".

Дар сӯҳбате, ки имрӯз дар Душанбе сурат гирифтааст, ташкилоти САҲА-ро Пол Эберхард роҳбарӣ намудааст.

"Бахтиёр Худоёрзода зикр намуд, ки Комиссия дар асоси талаботи қонунгузории интихоботии мамлакат барои субъектони иштирокчии раванди интихобот тамоми шароити баробарро ҷиҳати рақобати солими сиёсӣ муҳаё намудааст", - менависад "Ховар".
КМИР Тоҷикистон номзадии Каримовро қабул накард

Имрӯзҳо дар тамоми ҷумҳурӣ маъракаи тарғиботӣ аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳо ба вакилӣ дар шакли вохӯрӣ бо интихобкунандагон ва  гузоришу суҳбатҳо аз тариқи телевизион, радио ва матбуоти даврӣ муташаккилона идома дошта, иштирокчиёни он ба интихобкунандагон барномаҳои пешазинтихоботии худро муаррифӣ намуда истодаанзудааст раиси комиссия.

"Роҳбари ҳайати мушоҳидони байналмилали аз Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқҳои инсони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо Пол Эберхард фаъолияти анҷомдодаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсиро дар самти корбарӣ бо занон, ҷавонон ва шахсони дорои имконияти маҳдуд бо хушнудӣ пазируфта, онро дар раванди омодагӣ ба интихобот мусбӣ арзёбӣ намуд", - афзудааст манбаъ.

Аз бонк то парлумон: раиси ноҳия ва собиқ бонкдор номзадиашро ба вакилӣ пешбарӣ кард

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо изҳор намуданд, ки фаъолияти мушоҳидони байналмилалӣ дар баргузории интихоботи шаффоф ва ошкоро мусоидат менамояд.