ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар Душанбе бино ба дархости ҷониби эронӣ мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор шудааст.
Бино ба гузориши Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ин дидор бо дархости ҷониби эронӣ рӯзи 14 феврал, сурат гирифтааст.
Дар он мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шудааст.
Дар ин мулоқот бар зарурати иҷрои тавофуқҳое, ки қаблан байни ду ҷониб ҳосил шудаанд, таъкид шудааст.
Ин дар ин ҳолест, ки рӯзе пеш аз ин дидор, сафири Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо ноиби раиси Ҷумҳурӣ, раиси Созмони аснод ва китобхонаи миллии Эрон Ашрафи Бруҷердӣ дидору мулоқот карда буд.
Донишмандони тоҷик ба дастнависҳои нодири Эрон дастрасӣ пайдо мекунанд
Он ҷо онибҳо доир ба фароҳам овардани имконоти дастрасии олимону донишмандони ду кишвар ба захоири китобҳои рақамӣ ва дастнависҳои мавҷуда, истифода аз асноди бойгонӣ дар пажӯҳишҳои таърихиву фарҳангӣ ва табодули таҷриба миёни мутахассисони ду кишвар изҳори назар намудаанд.
Сафирони тозаинтихоб дар Тоҷикистон эътимодномаашонро ба Хусрав Нозирӣ супориданд