"Авто-Бону-2020": дар пойтахт барои занҳои ронанда озмун баргузор мешавад

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон занҳои ронандаро барои ширкат дар озмуни “Авто-Бону-2020” даъват мекуннад.
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тибқи иттилои иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод озмуни “Авто-Бону-2020” бахшида ба ҷашни “Рӯзи Модар” ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”  доир мегардад.

Авто-Бону: занҳои ронандаи Тоҷикистон дар рӯзи идашон рақобат мекунанд

Тибқи иттилои ин ниҳод, озумун дар километри 7-уми кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе мегузарад, ки дар он бонувону занҳое ширкат карда метавонанд, ки таҷрибаи хуби ронандагӣ доранд.

Ба итилои манбаъ, озмун аз рӯйи панҷ давр: ”Варақаи боздид”- “Ман ва автомобилам” (ороиши автомобил), Мусобиқаи “Донандагони ҚҲР”, Рондани автомобил дар Автодром, ”Шарҳи қисмҳои автомобил”, “Намоиши ҳунарҳои мардумӣ”- доир мегардад.

Манбаъ мегӯяд замони баргузории озмун санаи 7-уми марти соли ҷорӣ, соати 10:0 буда, хоҳишмандон метавонанд, барои ширкат дар озмун ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои 93-508-70-72, 236-07-58 муроҷиат намоянд.

“Ғолибон ва иштирокчиёни Озмун бо тӯҳфаҳои арзишнок қадрдонӣ карда мешаванд”,-афзудааст манбаъ.

Озмуни “Авто бону” аз чониби Раёсати бозрасии давлатии автомобии Тоҷикистон роҳандозӣ гашта, шуру аз соли 2015 доир мегардад.