244 парвандаи ҷиноятӣ барои ишғолу тақсими нодурусти замин

Мақомоти прокуратураи Суғд дар пайи ошкоршавии ҳолатҳои ғайриқонунӣ тақсим ва ишғол намудани қитъаҳои замин, соли 2019, 244 парвандаи ҷиноӣ оғоз намудааст
Sputnik

 ДУШАНБЕ, 17 фев – Sputnik. Дар ин бора Иззатулло Муҳаммадӣ, муовини аввали прокурори вилояти Суғд зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дода гуфт, ки ба ба ҳисоби парвандаҳои ҷиноӣ, ҳамчунин 1196 нафар барои риоя накардани қонунгузории замин ба ҷавобгарии маъмурӣ ва 287 каси дигар ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шудаанд.

Парвандаи ҷиноӣ нисбати 22 мақомдори давлатӣ дар Тоҷикистон
Муовини прокурори Суғд, таъкид намуд, ки дар пайи санҷишҳои прокурорӣ дар соли 2019, зиёда аз 4394 гектор қитъаи замини дар истифодаи қайриқонунӣ қарордошта ба манфияти давлат ва заминистифодабарандагон баргардонида шудааст.

“Дар ин давра 128 санҷиш гузаронидашуда, аз натиҷаи он 410 амр ва 370 эътироз ба қарору фармонҳои ғайриқонунии роҳбарони хоҷагиҳо, мақомоти идоракунии давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ оварда шудааст”,  - афзуд Муҳаммадӣ.

Ба гуфтаи муовини прокурори вилояти Суғд, 155 адад, аз шумори 244 парвандаи ҷиноӣ марбут ба худсарона ишғол намудани қитъаи замин ва сохтмони ғайриқонунӣ, 46 парвандаи ҷиноии дигар барои ғайриқонунӣ ҷудо намудани қитъаҳои замин ва 43 парвандаи дигар вобаста ба қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои заминсозӣ будааст.

“Аз рӯи категорияҳо чунин шахсон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд: 14 раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, 7 раисони ҷамоатҳо, 3 нафар кормандони кумитаи заминсозӣ, 7 нафар аз ҳисоби корхонаҳои фаръии ба қайдгирии замин мебошанд”, - таъкид намуд Муҳаммадӣ.

Дар прокуратураи вилояти Суғд, ҳамчунин иттилоъ доданд, ки дар самти иҷрои қонунгузории замин, соли 2019 ба 230 қарорҳои қабулнамудаи раисони Хуҷанд 29 адад, ноҳияи Б. Ғафуров 29 адад, Истаравшан 14 адад, Исфара 12 адад, Конибодом 13 адад, Панҷакент 17 адад, Бӯстон 10 адад, Гулистон 4 адад, Ҷ. Расулов 12 адад, Спитамен 9 адад, Мастчоҳ 27 адад, Ашт 18, Деваштич 26, Зафаробод 9, Шаҳристон 4, Истиқлол 12, Айнӣ 15 адад ва Кӯҳистони Мастчоҳ 3 адад эътироз оварда шудааст.

Ваъдаи 12-сола: парвандаи ҷиноӣ алайҳи марди 65-сола, ки "замин медиҳам гуфт"