Марди 28-сола "ДЭУ-Тико" - ро ғайриқонунӣ ҳай карда бурдааст

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 28-сола хабар медиҳад, ки худрави марди 44-соларо ғайриқонунӣ ҳай кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Бино ба гузориши ВУД, дар ин бора ба ШВКД дар шаҳри Турсунзода марди 44-сола бо ариза муроҷиат кардааст.

Зани 20-сола муттаҳам ба дуздии беш аз 24 ҳазор сомонӣ аз дохили ошхона дар ноҳияи Айнӣ

Ин мард сокини кӯчаи И.Сомонии шаҳри мазкур буда, шикоят кардааст, ки рӯзи 13-уми феврали соли 2020, тахминан соати 21:00, шахси номаълум автомашинаи шахсиаш тамғаи "ДЭУ-Тико", ки дар назди хонаи истиқоматиаш беназорат меистод, ғайриқонунӣ ҳай карда, ба самти номаълум бурдааст. 

Дар паи баргузории чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини маҳаллаи 1-и ҳамин шаҳр, бо гумони ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил ё дигар воситаҳои нақлиёт бидуни мақсади тасарруф, дастгир карда шуд.

Манбаъ, афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.