Чин нафароне, ки гирифтории худ ба коронавирусро пинҳон медоранд, эъдом мекунад

Чин минбаъд нафаронеро, ки гирифтории худ ба маризии сироятии "вируси тоҷдор" пинҳон медоранд, эъдом мекунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҳукумати Чин тасмим гирифтааст, алайҳи шаҳрвандоне, ки нишонаҳои коронавируси навро пинҳон мекунанд, парвандаи ҷиноӣ оғоз кунанд, менависад Beijing Daily бо истинод ба суди Чин.

Донишҷӯи тоҷик дар Вуҳан гуфт, чигуна худро аз "вируси тоҷдор" ҳифз мекунад

Тибқи ҳукми додгоҳ, шахсе, ки нишонаҳои ин бемориро қасдан пинҳон кардааст, метавонад пушти панҷара равад.

Мӯҳлати ҳадди аққал барои сирояти дигарон бо коронавирус 10 сол ва ҳадди аксар ҳабси якумра пешбинӣ шудааст. Ғайр аз он, шаҳрвандоне, ки дидаю дониста ба дигарон сироят мекунанд, метавонанд ба марг маҳкум карда шаванд.

Коҳиши нархи банан дар пасманзари бурузи "вируси тоҷдор" ва ҷавоби вазири тандурустӣ

Авҷгирии коронавирус дар Вуҳан, дар охири соли 2019 рух дод. 

Аломатҳои асосии маризии сироятӣ, табларза, сулфаи хушк ё каме балғам, ва тангшавии роҳи нафас ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, то имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 69,1 ҳазор нафар мубталои коронавируси нав  мебошанд. Тақрибан 1.7 ҳазор бемор аз ин беморӣ вафот карданд. Аллакай табибон 9,5 ҳазор нафарро шифо бахшида  аз беморхонаҳо бароварданд.