ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Шумораи сироятшудагон дар музофоти Ҳубей - маркази зуҳури коронавирус коҳиш меёбад, хабар медиҳад РИА Новости.
Кумитаи тандурустии Ҳубей гуфт, 12 феврал дар паи методи нави ташхис шумораи сироятшудагон дарҳол чанд маротиба афзуда то 14 840 расид.
Нахустин қурбонии коронавирус дар Аврупо: зани чинӣ дар Фаронса фавтид
Рӯзҳои 13 феврал то 4 823, 14- — то 2 420, ва 15-го — то 1 843 бошад кам шуд.
Мувофиқи методи нави санҷиш ҳар нафаре, ки аломатҳои беморӣ (таби баланд, сулфа, нафаскашии вазнин) дорад, ба рӯйхати сироятшудагон ворид карда мешавад, ҳатто агар натиҷаи ташхис манфӣ барояд.
Олимзода: Тоҷикистон хостори ҳарчӣ зудтар аз байн бурдани коронавирус дар Чин аст
Барои ҳамин дар рӯзи аввали истифодаи методи нав шумораи сироятшудагон дарҳол чанд маротиба афзуд.