Олимзода: Тоҷикистон хостори ҳарчӣ зудтар аз байн бурдани коронавирус дар Чин аст

Ин нуктаро вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон Насим Олимзода зимни дидор ва мулоқот бо сафири Чин Дар Тоҷикистон, гуфтааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik.  Рӯзи 14 феврал вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода бо  сафири Чин дар Тоҷикистон Лю Бин мулоқот кардааст.

Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ, Насим Олимзода,зимни суханронии хеш иброз намудааст, ки Тоҷикистон ҳамчун  кишвари дӯсту бародар  хостори ҳарчи зудтар аз байн бурдани сирояти коронавирус дар кишвари Чин мебошад.

Бемории 7 донишҷӯи тоҷик бо таби баланд дар Вуҳан маълум шуд: шарҳи сафорат

Пешгӯии даҳшатноки ТУТ: 70 дарсади инсоният гирифтори коронавирус мешавад

Ӯ ҳамзамон, изҳори умедворӣ карда, ки дар наздиктарин фурсат Чин барои аз байн бурдани  сирояти  коронавирус муваффақ хоҳад шуд.

Ҷонибҳо барои боз ҳам густариш додани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди сирояти коронавирус ҳавасмандии хешро иброз намудаанд.

Коронавирус ё вируси "тоҷдор"

Авохири моҳи декабр мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Сипас муайян шуд, ки барангезандаи ин маризӣ коронавирус - 2019-nCoV мебошад. Нахустин мубталоёни ин вируси навро дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо карданд. 

Вирус зуд берун аз шаҳр ва кишвар паҳн гардид.

Феълан гирифторони короноврус дар Фаронса, Италия, Олмон, ИМА, Австралия, Вьетнам, Гонконг, Ҳиндустон, Малайзия, Макао, Непал, Канада, Сингапур, Таиланд, Тайван, Ҷопон, Филиппин, Финляндииӯя, Куреи Ҷанубӣ ва Украина ба қайд гирифта шудаанд.