ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Аз 15 то 24 феврал ба муносибати 27-солагии Артиши миллӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши акс ва дигар маводи марбут ба таърихи таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ин намоиш таҳти унвони "Артиши миллӣ – сипари боэътимоди Ватан" рӯзи 15 феврал оғоз мегардад.
Бино ба гузориши АМИТ "Ховар", намоиши мазкур бо ибтикори роҳбарияти Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати дифоъ ташкил шудааст.
"Ба таври ройгон 1000 нафар афсарону сарбозон аз Осорхона ва намоиши мазкур дидан менамоянд", - омадааст дар хабарнома.
Бино ба гузориши манбаъ, дар намоиш 88 акс, тамринҳои ҳарбии ҷузъу томҳои низомӣ тавассути оинаи нилгун ва маводи марбут ба таърихи Артиш ба тамошобинон манзур мешаванд.
Инчунин тамошобинон имкон доранд, ки дар ин намоиш аксҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун бунёдгузори Артиши миллӣ бо афсарону сарбозон ҳангоми боздид аз ҷузъу томҳои низомӣ ва иштирок дар машқгоҳҳои ҳарбиро тамошо кунанд.
Ҳамчунин дар намоиш маҷаллаҳои «Муҳофизони Ватан», рӯзномаи «Ҳомии Ватан», «Паёми Донишкадаи ҳарбӣ», китобҳои ҷашнии Вазорати мудофиа, ки инъикосгари ҳаёти низомиёни мамлакат мебошанд, пешниҳоди тамошобинон мегарданд.