ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Рӯзи панҷшанбе Ҷопон эълон кард, ки аввалин шаҳрвандаш бар асари сироят ба ин беморӣ ҷон дод, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.
Ба гуфтаи мақомот вай як зани 80-солае будааст, ки дар қисмати ҷанубу шарқии Токио зиндагонӣ мекардааст. Расонаҳои хабарии Ҷопон иттило додаанд, ки ташхиси ин зан баъди маргаш сурат гирифта ва иртиботаш бо вилоятии Ҳубейи Чин исбот нашудааст.
Рӯзи панҷшанбе ИМА аз таъсири эҳтимолии ин вирус ба Куриёи Шимоӣ ибрози нигаронӣ кард. Дар хабарҳо гуфта мешавад, ки Куриёи Шимолӣ то кунун дар мавриди сирояти панҷ тан ба вирус хабар додааст, вале коршиносон мегӯянд чун дар ин кишвар матбуоти озод нест, эҳтимолан сафи сироятшудагон бештар аз оморҳои расмист.
Бино ба гузориши расонаҳои ҷопонӣ ҳамоно 3700 мусофири киштии тафреҳии “Шоҳзода Алмос” дар бандар иҷозаи хуруҷ дарёфт накрадаанд, аммо сироятшудагонро бабемористонҳои наздик интиқол додаанд.
Нигаронии раиси ВМКБ: роҳбандӣ барои коронавирус метавонад нархро боло барад
Субҳи дирӯз эълон шуд, ки касони аз 80-сола боло ва афроде, ки ташхиси хунашон манфӣ буд, иҷозаи хуруҷ аз киштӣ хоҳанд гирифт. Аммо гуфта шудааст, ки таҳлили ҷидӣ ва ташхис барои кулли мусофирони киштӣ рӯзи ҷумъа оғоз мешавад.
Бино ба гузориши Вазоратим тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон то кунун ҳеч касе ба вируси короно дар кишвар ба қайд гирифта нашудааст. Ҳамаи 922 нафар, ки қаблан эълон шуда буд, дар карантин қарор доранд.