ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Хайём, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки оё таҷлили Иди ошиқон ё худ Рӯзи Валентин дуруст аст ё на.
Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки дар дини мубини Ислом ду ид аст ва илова бар ин ҳар рӯзе, ки инсон дар он гуноҳ намекунад, он рӯз низ ид мебошад.
“Иди ошиқон ба дини Ислом ҳеҷ рабте надорад, зеро шариат муоширати маҳрамонаи бе никоҳро манъ кардааст. Аз нигоҳи дини Ислом ишқи поку самимӣ пас аз никоҳ сурат мегирад, ки он дар асоси меҳру муҳаббат, раҳму шафқат ва эҳсоси масъулият зиндагиро пеш бурдан аст”, - таъкид намудаст Шӯрои уламо дар ҷавоб ба Хайём.
Консерти Фарзонаи Хуршед дар "Рӯзи ошиқон" дар Душанбе - видео
Ин дар ҳолест, ки имрӯз қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон Рӯзи ошиқонро ҷашн мегиранд. Ошиқон ба ҳамдигар тӯҳфа медиҳанд ва кӯшиш мекунанд, ки вақташонро бо ҳам гузаронанд.
Рӯзи Валентин дар Тоҷикистон ҷашни расмӣ нест, аммо барои бисёре аз шаҳрвандон баёни муҳаббату ишқи худ ба дӯстдошта ва тақдими туҳфа дар ин рӯз ба ҳукми анъана даромадааст. Одатан дар ин рӯз бозори гулу туҳфаҳо, аз ҷумла туҳфаҳои рамзӣ дар шакли дил гарм мешавад.