ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Русия хабар додааст, ки Абдуманнон Сатторов, шаҳрванди Тоҷикистон ва падари 11 фарзанд иҷозатномаи истиқомати бемӯҳлат мегирад.
Дар ин бора қарори вижаи мақомоти кишвар қабул гардидааст. ВУД иттилоъ додааст, ки мӯҳлати баррасии аризаи ин падари серфарзандро тезонд.
Пештар расонаҳои Русия хабар доданд, ки як хонавода дар вилояти Маскав фарзанди 11-умашонро ба дунё оварданд. Модари кӯдакон Светлана Сатторова шаҳрванди Русия буда, вале ҳамсараш Абдуманнон Сатторов ҳуҷҷат надоштааст.
Светлана ба мақомоти маҳаллӣ аз чанд мушкилоти хонавода, аз ҷумла ҳуҷҷати шавҳараш гуфтааст.
Раёсати ВКД Русия аризаи Сатторовро дар бораи иҷозатномаи истиқомат дар муддати кӯтоҳ баррасӣ намудаанд. Ӯ ба наздикӣ метавонад ҳуҷҷатҳояшро дастрас намояд.
Ба муҳоҷирон тамдиди мӯҳлати иҷозатномаи иқомат ба воситаи додгоҳ имконпазир шуд
Ҳамчунин, мақомоти Русия ба онҳо манзил ва қитъаи замин ваъда кардаанд.