Коршинос: феълан интиқоли донишҷӯёни узбакистонӣ ба ватан ғайриимкон аст

Умед Мансуров, муовини ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия даъвати донишҷӯёни узбакистониро аз донишгоҳҳои Тоҷикистон айни замонба ватан хабари шубҳабарангез номид
Sputnik

Пештар Sputnik Тоҷикистон дар такя ба манобеи худ гузориш дод, ки чанде аз донишҷӯёни узбкистонии Донишгоҳи омӯзгори Тоҷикистон ба ватанашон баргаштан мехоҳанд.

Коршинос Умед Мансуров ин хабарро тавзеҳ дод.

Коршинос: феълан интиқоли донишҷӯёни узбакистонӣ ба ватан ғайриимкон аст

Бино бар иттилои расонаҳои Узбакистон, мувофиқи қарори Шавкат Мирзиёев донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои кишварҳои хориҷ таҳсил мекунанд, метавонанд бидуни саргардонӣ ҳуҷҷатҳоияшонро ба ягон муассисаи олии Узбакистон супорида, интиқол ёбанд.

"Дар тамоми донишгоҳҳо барномаи таҳсил барои тамоми сол тартиб дода шудааст. Шояд, мақомоти Узбакистон дар назар доранд, ки донишҷӯёни дар хориҷ буда бидуни мушкилӣ метавонанд интиқол ёбанд", - мегӯяд Мансуров.
Узбакистон далели баргардонидани донишҷӯёнашро аз Тоҷикистон шарҳ дод

Чанде аз донишҷӯёни узбак аз донишгоҳи мо низ бо умеди дохил шудан ба донишгоҳҳои ватанӣ рафтанд, аммо фикр намекунам, ки ин кор айни замон ба онҳо даст диҳад. Наздики 15 дарсади шаҳрвандони Узбакистон донишгоҳи моро низ тарк карданд", - афзуд коршинос дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай таъкид кард, ки барои интиқоли донишҷӯ тартиби муайяне ҳаст. Барои интиқол аз дигар донишгоҳ розигии ҳарду ректор - ҳам аз Тоҷикистон ва ҳам аз Узбакистон зарур аст. Агар ин тартиб риоя нашавад, интиқоли донишҷӯ қонунӣ нест.

 

Узбакистон бо 34 миллион аҳолиаш ҳамагӣ 60 донишгоҳ ва Тоҷикистон бо 9 миллион 40 мактаби олӣ дорад. Сокинони вилояти Сурхондарё ҳанӯз аз даврони Иттиҳоди Шӯравӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон дохил мешуданд.