Ҷашнҳои рӯзи 12 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Рӯзи дувоздаҳуми феврал Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ буда, дар ИМА – Рӯзи миллии озодии ақди никоҳ таҷлил мешавад
Sputnik

Рӯзи 12 феврал дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1818 Чили истиқлолияти худро эълон кард.

Соли 1950 Иттифоқи урупоии радиошунавонӣ (Евровидение) таъсис дода шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 11 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1992 дар Алмаато Протокол оид ба барқарор намудани муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба имзо расид.

Соли  2010 дар шаҳри Ванкувери Канада Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ ифтитоҳ гардида, 28 феврал ба анҷом расиданд.

Соли 2010 дар Вашингтон аввалин машваратҳои сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор гардиданд.

Рӯзи 12 феврал дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1958 — чархболи нахустин (МИ-1) ба Сталинобод оварда шуд.

Соли 1990 — Дар Душанбе бинобар сабаби гирдиҳамоиҳои ғайриқонунӣ, ки ба талафоти ҷонӣ боис шуданд, вақти комендантӣ ва ҳолати фавқулодда ҷорӣ шуд.

Соли 2003 — Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар кори Конфронси байнулмилалии сулҳу созиш ба Алмаато (Қазоқистон) рафт.

Соли 2008 — Сардабири нашрияи парлумонии «Садои мардум» Бобоҷон Абдулвоҳидов пас аз бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт.

Ҷашнҳои рӯзи 9 феврал дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010  дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноат миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва Беларус ба имзо расид.

Соли 2018 масъалаи рушди муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон  ва Қатар муҳокима гардид.

Соли 2013 дар шаҳри Душанбе  дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари Мудирияти Бонки рушди Авруосиё Игор Финогенов вазъи вақт ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ин муассисаи молиявӣ, аз ҷумла, рӯзномаи мизи мудаввари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки рушди Авруосиё баррасӣ шуд.

Соли 2016 ҳунармандони беҳтарини Тоҷикистон маснуоти худро дар Намоиши байналмилалии чоррӯзаи молҳои истеҳсолӣ дар шаҳри Франкфурти Германия ба намоиш гузоштанд.

Ҷашнҳои рӯзи 12 феврал

  • Рӯзи байналмилалии агентиҳои ақди никоҳ.
  • Дар ИМА – Рӯзи миллии озодии ақди никоҳ.

Рӯзи 12 феврал кӣ таваллуд шудааст

Соли 1919 – Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Бахтулҷамол Карамхудоев.

Соли 1927 – нависанда ва арбоби давлатӣ Холмурод Шарифов.

Соли 1931 – арбоби давлатӣ Муҳиддин Зоҳиров.

Соли 1938 – доктори улуми тиббӣ Ҳамдам Рофиев.

Соли 1960 – сароянда Маҳмадсаид Тӯраев.

Соли 1969 – сароянда Фарҳод Одинаев.

Соли 1971 – оҳангсоз, сароянда Парвиз Пӯлодӣ.