Ҷаримабандии 21 ронандаи дигар дар асоси муроҷиати корбарони Фейсбук

Аз 62 адад акси қоидавайронкунии ронандагон, ки корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук ба кормандони пулис ирсол намуданд, дар рӯзи аввал 35 ҳолат муайян гардида буд ва акнун 21 ҳолати боқимонда низ ошкор гашт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Ба иттилои Раёсати умури дохилии Тоҷикистон, кормандони милитсия дар давоми ду рӯзи ахир 21 ҳолати боқимондаи қоидавайронкунии ронандагонро ошкор ва онҳоро муҷозот намуданд.

То 116 сомонӣ ҷарима: ҳушдори мақомот ба намозгузорон дар рӯзҳои ҷумъа

Гуфта мешавад, корбарон бо ирсоли расми қоидавайронкунии ронандагон аз кормандони пулис дархост намуданд, ки нисбати онҳо чораҳои қонунӣ андешанд.

Ҳамин тариқ, кормандони милитсия 21 нафар аз ронандаҳо, ки аснои ҳаракат дар роҳ ба қоидавайронкунӣ даст задаанд, боздошт ва ҷаримабандӣ намуданд.

Манбаъ меафзояд, дар ҳақиқат ронандагони дар аксҳо инъикосёфта ба қоидавайронкунии дағали ҳаракат роҳ дода, ба самти муқобили роҳ ҳаракат намудаанд, ки боиси норозигии шаҳрвандон гардидааст.

“Қатии любойта, любой хел гап мезанум”: ҷазои ронанда барои зӯргӯӣ-акс

Дар натиҷа нисбати 21 нафар ронадагон низ тибқи талаботи моддаҳои дахлдори Коддекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки корбарони Фейсбук дар маҷмӯъ 62 адад акси қоидавайронкунии ронандагонро ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ирсол намуда буданд.