Ягон зани эронӣ ё араб атлас мепӯшад? Раиси Кумитаи занон дар бораи ҳиҷоб

Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, масъалаи ҳиҷоб, масъалест, ки имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба як мушкилот рӯ ба рӯ намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Қурбонзода Ҳилолбӣ, раиси Кумитаи занон таъкид дошт, ки агар амалҳои террористие, ки дар кишварҳои мухталифи ғарб ва бахусус, дар Ироқу Сурия сурат намегирифт, шояд Тоҷикистон ҳам ба мушкилоти ҳиҷоб рӯ ба рӯ намешуд.

Дар яке аз бонкҳои Тоҷикистон ба пӯшидани ҳиҷоб иҷозат доданд

Вай гуфт, дар амалҳои террористӣ дар кишварҳои мухталиф аз ҷумла дар Ироқу Сурия ва ҳатто дар амали террористии ахир дар Тоҷикистон занҳои ҳиҷобдор иштирок доштанд.

Қурбонзода Ҳилолбӣ афзуд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи  манфиатҳои худ чораандешӣ дорад.

“Ман фикр мекунам, пешгирӣ намудан аз ин вазифаи ҳар як фарди ҷомеа аст. Мо имрӯз бояд коре кунем ҳукумату давлати худро аз ҳимин чизҳо ҳифз намоем. Давлат бояд аз марзу бум ва арзишҳои миллии худ ҳифз намояд”, - қайд кард ӯ.

Вай инчунин мисол овард, ки дар кишвари Белгия, Нидерландия, Қазоқистон барои пешгирии ин масъала алакай дар қонунгузориашон меъёрҳои дахлдор ворид карда шудааст.

Ба гуфтаи Қурбонзода Ҳилолбӣ, Қазоқистон дар қонунгузориаш барои ҳиҷоб доштан то 50 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ намудааст.

Дар боғча ва макотиби Олмон пӯшидани ҳиҷоб мамнӯъ мешавад

“Ба назари ман агар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамин гуна ҳодисаҳои терррористӣ сурат намегирифт ва дар Ироқу Сурия террористон аз занон истифода намекарданд, Тоҷикистон ҳам ба ҳамин мушкилот рӯ ба рӯ намешуд”- гуфт раиси Кумитаи занон.  

Дар сурате, ки имрӯз ин масъала ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид мекунад албата Тоҷикистон низ бояд ба ин масъала таваҷҷуҳ дошта бошад.

Раиси Кумитаи занон қайд кард, ки мо тоҷик ҳастем, ва кӣ мехоҳад, ки моро араб гӯянд.

Вай аз рӯзноманигорон суол кард, ки чаро дар Эрон ва кишварҳои араб ҳеҷ кас либоси тоҷикӣ намепӯшад.

“Ягон эронӣ ё араб либоси атлас мепӯшад? Масалан касе, ки Эрон меравад бояд тибқи талаботи кишвари Эрон либос пушад. Чаро мо дар Тоҷикистон наметавонем, фарҳанги миллии худамонро нигоҳ дорем?”, - қайд кард Қурбонзода Ҳилолбӣ.