Вакил гуфт, нақбҳо ториканд: Вазир посух дод, ки муассиса ташкил кардем, равшан мешаванд

Вазири нақлиёти Тоҷикистон мегӯяд, масъалаи равшаннамоии нақбҳо, ки қаблан сокинонро ба ташвиш оварда буд, рафъ хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, мегӯяд, дар назди ниҳоди тобеяш Муассисаи нигаҳдории нақбҳо, равшаннамоӣ ва чароғакҳои раҳнамо ташкил гаштааст, ки масоили равшаннамоии роҳҳо ва чароғакҳои роҳнаморо дар бар мегирад

Вазорати нақлиёт: шоҳроҳи Душанбе - Бохтар ва чанд роҳи дигар пулакӣ мешавад

Номбурда ин нуктаро имрӯз дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагон дар посух ба суоли Зайниддин Сафаров, вакили парлумон изҳор дошт.

Вакили парлумон мушкили равшанӣ дар нақбҳои кишварро зикр карда гуфт: "Нақбҳои ҷониби Хатлону Суғд равшаннокияшон бисёр суст аст. Вақте аз нақб мегузарӣ ягон ҷойро намебинӣ ва мардумро ҳам ин масъала нигарон кардааст".

Вазир нақлиёт дар посух ба суоли Сафаров гуфт, вобаста ба ин масъала бисёр эродҳо буданд, бинобарин тибқи протоколи ҳукумати кишвар Муасисаи нигаҳдории нақбҳо, равшаннамоӣ ва чароғакҳои раҳнаморо таъсис додем.

Ба гуфти Худоёрзода, ин муассиса ҳамин сол маблағгузорӣ шуда, тавассути Бонки аврупоии таҷдид ва рушд техникаҳои муосирро низ дастрас кардаанд.

"Ҷойи кори кормандони муассиса низ дар назди нақби Хатлон муайян гашт ва минбаъд диққати заруриро барои рафъи ин камбудӣ равон хоҳем кард", -изҳор дошт Худоёр Худоёрзода.