Мадумаров, зодаи Қадамҷой ноиби нави нахуствазир шуд: вазифа – ҳалли баҳси марзӣ

Сооронбой Жээнбеков, раисиҷумҳури Қирғизистон, бо имзо як фармон Акрам Мадумаровро ноиби нахуствазири ин кишвар таъин кардааст, ки ба ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистон машғул хоҳад шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Муҳаммадқулӣ Абилғозиев, сарвазири Қирғизистон номзад ба мақоми ноиби нахуствазирро дар парлумон муаррифӣ карда, вакилон бидуни суоле таъиноташро ҷонибдорӣ кардаанд, хабар дод Sputnik Қирғизистон. Абилғозиев таъкид намудааст, ки вазифаи асосии Мадумаров ҳалли масоили марзӣ буда, масоили блоки қудратӣ ба салоҳияти роҳбари кабинаи вазирон мегузаранд.

Генерал Навҷувонов 2 мушкили асосии амнияту тартибот дар Суғдро гуфт

Акрам Мадумаров аз моҳи апрели соли 2019 ба ҳайси намояндаи комилҳуқуқи Ҳукумат дар вилояти Бодканд ва пештар аз он дар мақоми роҳбари Хадамоти давлатии кадрҳо кор кардааст. Мадумарови 43-сола зодаи ноҳияи Қадамҷойи вилояти Бодканд, солҳои 2013-2017 ҳокими ин ноҳия будаст.

Мадумаров ҷойгузини Жениш Раззоқов шуд, ки ахиран аз мақоми ноиби нахуствазир истеъфо дод. Раззоқов аз моҳи апрели соли 2018 ба ҳайси муовини нахуствазири Қирғизистон гуфтушунидҳои марзӣ бо Тоҷикистонро роҳбарӣ мекард.  

Вақтҳои ахир ӯ зери интиқоди вакилони кишвараш қарор гирифта буд. Онҳо аз суст ба роҳ мондани аломатгузории марз бо Тоҷикистон изҳори норозигӣ мекарданд. Номуайянӣ дар марз боиси танишҳо миёни сокинони навоҳии наздисарҳадӣ шуда, дар бархе ҳолатҳо бо марг меанҷоманд.

Фармони Президент барои додани медал ба афсари кушташуда дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон

Бино ба иттилои расмӣ, соли 2019 дар минтақаҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар умум 14 муноқишаю тирандозӣ иттифоқ афтодааст, ки дар пайи он, 6 шаҳрванди Тоҷикистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистон кушта ва зиёда аз 60 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.