ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар шаҳри Маскав собиқ роҳбари ХФИҶ Виктор Свиридов худро парондаст, хабар медиҳад шабакаи "360".
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи худкушии собиқ мақомдори рус дар толори суди Чертановаи шаҳри Маскав ба вуқӯъ омадааст.
"Свиридов пас аз эълони ҳукми додгоҳ худро аз қисмати сараш паронд", - омадааст дар хабар.
Манбаъ меафзояд, собиқ мақомдори рус аз собиқ муовини директори департамент Александр Сапожников 10 миллион рубл талаб намудаст.
Додгоҳ ӯро бо ҷурми тамаъҷӯӣ айбдор дониста, новобаста ба он ки ӯ гирифтори саратони дараҷаи 4 аст, ба 3 соли ҳабс маҳкум кард.
Барканорӣ дар раёсати “Амонатбонк” баъди худро парондани Турдиев
Феълан, дақиқан маълум нест, ки Свиридов пас аз ба сараш тир холӣ кардан, зинда монд ё фавтид.
Бар хабари аксар расонаҳои ин кишвар, айбдоршаванда то омада расидани мошини Ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса ҷон дод.