Хадамоти гумрук гуфт кадом маҳсулоти пастсифат ба Тоҷикистон бештар қочоқ мешавад

Хадамоти гумруки Тоҷикистон таъкид намудааст, ки ба кишвар дар соли сипаригашта бешатр пусти мурғ, дорувории бесифат ва қимаи гушти мурғи пастсифат ворид гаштааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2019 аз тарафи мақомоти гумрук 11 ҳолати воридоти ғайриқонунии маҳсулоти пастсифат ошкор карда шудааст.

Бурду бохти кормандони гумрук: аз иҷрои нақша то содиршавии ҷиноятҳои мансабӣ

Дар ин бора масъулини Хадамоти гумрук зимни нишасти матбуотӣ, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар доданд.

Қарори нави Ҳукумат дар бораи гумрук: аз пуркунии буҷа то номгузории Раҳмон ба порахӯрҳо

Ба гуфтаи масъулини Хадамот, дар ҳудуди Тоҷикистон аз ҷумла ду ҳолати воридоти пусти мурғи пастсифат ба миқдори 3086 кило, 8 ҳолати воридоти дорувории бесифат ба миқдри 4220 қуттӣ ё 4530 кило ва як ҳолати воридоти ғайриқонунии қимаи гушти мурғ ба миқдори 2940 кило ошкор шудааст.

Эълони маош ва даҳҳо ҷои холӣ: Хадамоти гумрук коргар меҷӯяд

Масъулин таъкид доштанд, ки дар ҳоли ҳозир, роҷеъ ба ҳолатҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаи 209 қисми 1 ва 210 илова 1 қисми 1 Қодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз гардида дар тафтишоти Прокуратураи генералии кигшвар қарор доранд.