ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Сардори РВКД дар Суғд дар бораи 953 ҳазору 931 шиносномаи намунаи соли 2014, ё дорои ID рақам хабар дод, ки ба сокинони вилояти Суғд супорида шудааст. Ва 359 ҳазору 272 адади чунин шиносномаҳо, танҳо соли 2019 ба аҳолӣ дар вилояти Суғд дода шудааст.
Генерал-майор Абдулло Навҷувонов дар посух ба ин суол гуфт, тибқи фармони вазири корҳои дохилӣ реҷаи кори мизҳои шиносномадиҳӣ то соати 20- и бегоҳ дароз карда шудааст, лекин боз ҳам ин муҳлат барои аҳолии беш аз 2 милион вилояти Суғд кифоят намекунад.
“Ман фикр мекунам, ки муҳлати муқарраршуда бозбинӣ мешавад ва шояд аз ҳамин хотир замони бақайдгирии симкортҳо боз ҳам дароз карда шавад. Мо барои бо шиносномаи нав таъмин намудани шаҳрвандон кӯшиш мекунем”, - гуфт Навҷувонов.
Дар раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар Суғд иттилоъ доданд, ки раванди шиносномадиҳӣ ба сокинон тибқи реҷаи 10-12 соата, яъне аз соати 8:00 то 20: 00 и бегоҳ идома дорад ва қарор аст, ки дар фасли баҳору тобистон боз ҳам ин тартиби корӣ то ба 15 соат, то ба соати 23: 00 дароз карда шавад.
Бақайдгирии симкорт: киҳо "дастнорас " мешаванд
Ахиран тибқи як қарор Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2019, муҳлати сабти симкортҳоро барои 6-моҳи баъд-то 15-уми феврали соли ҷорӣ дароз карда буд.