Эмомалӣ Раҳмон пирӯзии инқилоби исломии Эронро шодбош гуфт

Эмоммалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон, солрӯзи пирӯзии инқилоби исломиро ба ҳамтои худ табрик гуфт
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикотиаш ба Ҳасани Руҳонӣ, ки дар сомонаи расмии сафорати Эрон дар Тоҷикистон интишор шудааст, қайд намудааст, ки Тоҷикистон алоқаманд ба густариши ҳар чи бештари равобити дӯстона ва таҳким ва тавсиаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманд бо Эрон дар ҷанбаҳои гуногун ва мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мебошад. 

Баҳои баланди президенти Эрон Ҳасан Руҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон

Дар паёми табрики Эмомалӣ Раҳмон омадааст: 

“Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳурии исломии Эрон! Бо камоли эҳтиром ба ҷаноби олӣ, давлат ва мардум, солгарди ҷашни миллии кишваратонро табрику таҳният мегӯям. Тоҷикистон алоқаманд ба густариши ҳар чи бештари равобити дӯстона ва таҳким ва тавсиаи беш аз пеши ҳамкориҳои судманд бо Эрон дар ҷанбаҳои гуногун ва мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн мебошад”.

Раисҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин изҳори итминон кардааст, бо саъй ва эҳтимоми муштарак, равобит ва муносиботи Тоҷикистон ва Эрон дар оянда низ рушд ёбад ва дар фазои созгорӣ ва ҳусни тафоҳум, ҳусни ният ва эътимод, дар хидмати манофеи мардумони ду кишвар бошад.

Эмомалӣ Раҳмон дар поёни паёми табрики худ ба муносибати 41-умин солгарди ипирӯзии инқилоби исломии Эрон, хитоб ба Ҳасани Рӯҳонӣ гуфтааст:

Барои шумо олиҷаноб, саломатии комил, саодат ва комёбиҳои навин ва барои мардуми бародари Эрон сулҳу субот, пешрафт ва беҳрӯзӣ орзумандам.