Чаро дипломатҳои чинӣ дар фурудгоҳи Душанбе муаттал монданд?

Ин масъала замоне хотима ёфт, ки Вазорати умури хориҷа ва сафорати Чин дар шаҳри Душанбе мудохила карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дипломатҳои чинӣ дар Фурудгоҳи Байналмилалии Тоҷикистон 18 соат муаттал монданд, менависад "Парс тудэй" дар истинод ба расонаҳо.

Таъйиди марги нахустин қурбонии вируси "тоҷдор" берун аз Чин

"Бархе манобеи хабарӣ гузориш доданд, гурӯҳе аз дипломатҳои чинӣ пас аз он ки ҳозир ба тайи мароҳили қарантина барои пешгирӣ аз интишори вируси Корона нашуданд, ҳудуди 18 соат дар Фурудгоҳи Байналмилалии шаҳри Душанбе мунтазир монданд", - омадааст дар гузориши хабаргузорӣ.

Тибқи ин гузориш, ин масъала замоне хотима ёфт, ки Вазорати умури хориҷа ва сафорати Чин дар шаҳри Душанбе мудохила карданд.

Мақомоти беҳдоштии Тоҷикистон дар ҳафтаҳои ахир тадобири беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии вируси Коронаро сахттар кардаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон муқаррар сохта, ки ҳар касе аз Чин вориди Тоҷикистон шавад, бояд 14 рӯз дар қарантина бошад. Дар саросари ин кишвар марокизи қарантина вуҷуд дорад ва дар ҳоли ҳозир ҳудуди 400 нафар дар онҳо нигаҳдорӣ мешаванд.

Ширкати “Сомон Эйр” ба хотири “Вируси тоҷдор” парвозҳояшро ба Чин қатъ кард

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин маҳалли хосеро дар наздикии шаҳри Душанбе барои қарантинаи дипломатҳои хориҷӣ дар назар гирифтанд.

Пештар аз карантини 900 коргари чинӣ хабар дода шуд, ки ба Тоҷикистон ворид шуданд.