Чойхонаи "Роҳат" мемонад: шаҳрдорӣ гуфт кадом биноҳо тахриб мешаванд

Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали шаҳрдори Душанбе мегӯяд, чойхонаи "Роҳат"аз феҳрасти биноҳое, ки мавриди тахриб қарор мегиранд, берун аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Чойхонаи "Роҳат", ки аз машҳуртарин чойхонаҳои Душанбе ба ҳисоб меравад, тахриб намешавад. Дар ин бора имрӯз Маҳмадсаид Зувайдзода, ноиби аввали шаҳрдори Душанбе зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, чойхонаи "Роҳат" аз феҳрасти биноҳое, ки бояд тахриб шаванд, берун аст. 

"Бар асоси тарҳи пешниҳоднамудаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмон собиқ бинои ҳукумат чаппа мешавад, аммо чайхонаи "Роҳат" боқӣ мемонад", - афзудаст Зувайдзода.

Ёдовар мешавем, ки рӯйхати биноҳои тахрибшавандаи пойтахти Тоҷикистон дар давраҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддат ҳанӯз моҳи июли соли 2012 бо қарори собиқ раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев тартиб дода шуда буд.

Тоҷикон дар Русия чойхонаи "Роҳат" бунёд карданд

Хабари тахриби биноҳои таърихии Душанбе бо вокуниши шадиди корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук рӯбарӯ шуд. Корбарон он замон гуфтанд, "чизе, ки падару бобоҳои мо бо орзую умед ва муҳаббат бунёд кардаанд, набояд тахриб, балки ҳифз шавад".

Зиёфат дар чойхонаи "Роҳат": Рӯзи куҳансолон дар Душанбе чигуна таҷлил шуд - видео

Онҳо ҳатто барои барои ҷилавгирӣ аз тахриби ин биноҳо, ки қисми фаромӯшнашавандаи таърихи пойтахти кишвар маҳсубанд, ба таври фаъолона ба унвони раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори он вақт Маҳмадсаид Убайдуллоев зери номае имзо ҷамъ карданд.

Чойхонаи "Роҳат" соли 1956 сохта шудааст. Меъмори бино Константин Николаевич Терлетский,  муҳандис Даниил Давидович Гедлинва устои халқии тоҷик Мирзораҳмат Алимов мебошанд.

Чойхонаи мазкур, на танҳо дар Тоҷикистон, балки  дар тамоми ҷаҳон машҳур аст.