"Барқи тоҷик" қарзи андозро "0" кард

Ширкати "Барқи тоҷик" пардохти андозҳои ҷорӣ ва бақияпулиҳои андозро пурра таъмин намуда, қарздориро ба пуррагӣ бартараф намудааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар ин бора имрӯз, 11 феврал дар нишасти хабарӣ дар Душанбе иттилоъ доданд.

Бино ба гузориши расмии ин ниҳод, солҳои қаблӣ ширкати "Барқи тоҷик" яке аз қарздорони азим дар назди буҷети давлатӣ аз ҳисоби андозҳо ба шумор мерафт, ки маблағи қарзи андозҳо беш аз 300 млн сомониро ташкил медод.

Бо дастгириҳои ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба нисбатан солимгардонии вазъи молиявии соҳа, ширкат имкон пайдо намудааст, ки сол аз сол пардохтҳои андозҳои ҷумҳуриявиро тадриҷан афзоиш диҳад.

"Агар соли 2016 ширкати "Барқи тоҷик" пардохти андозҳоро ба маблағи 291 млн сомонӣ таъмин намуда бошад, пас бо мақсади таъмини иҷрои Қонуни ҶТ "Дар бораи буҷети давлатии ҶТ барои соли 2019", ширкат дар соли 2019 андозҳоро ба маблағи 453,4 млн сомонӣ пардохт намуд, ки нисбати маблағи ҳисобшуда ба маблағи 66,9 млн сомонӣ зиёд мебошад", - омадааст дар иттилоиъияи расмӣ.

Дар натиҷа ширкати "Барқи тоҷик", пардохти андозҳои ҷорӣ ва бақияпулиҳои андозро пурра таъмин намуда, қарздории андозро ба пуррагӣ бартараф намуд.