Барфу борон: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят боридани борон ва барф пешбинӣ шудааст.

Дар ноҳияҳои шарқии вилоят барф меборад. Шамол аз самти ғарб  бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона  5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 21-26 ва рӯзона 6-11 дараҷа сард мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Ожонс.

Сардиҳо дар Тоҷикистон : пешгӯии ҳавошиносон то 15 феврал

Ҳаво дар вилояти Суғд  абрнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. Шамол  аз  ғарб бо суръати  3-8 метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона  2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 6+11 дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2-7 дараҷа хунук ва   рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон   ҳавои абрнок пешбинӣ шуда дар баъзе ноҳияҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона 2+7  ва рӯзона 7+12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абнок шуда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф меборад. Дар баъзе ноҳияҳо боридани бориши шиддатнок дар назар аст. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 2+7 ва рӯзона 10+15  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук  ва  рӯзона аз 2 дараҷа хунук  то 3  дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҳолатҳо борон меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония   мевазад. Ҳаво шабона 3+5  ва  рӯзона 13+15 дараҷа гарм мешавад.