Боздошти хонуми 34-сола барои ташкили фоҳишахона дар Душанбе

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 34-сола, сокини пойтахт хабар медиҳад, ки манзили иҷораашро ба фоҳишахона табдил додааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, зани 34-сола сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд.

Зани 26 - сола дар Душанбе манзилашро ба фоҳишахона табдил доду бар иваз 150 сомонӣ мегирифт

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 7-уми феврали соли 2020, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 34-солаи сокини кӯчаи П.Толис ва зани 33-солаи сокини кӯчаи Зарафшон, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё кардааст.

Манбаъ мегӯяд, ин сокини пойтахт барои фароҳам овардани шароит аз ин нафарон 400 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд,аз рӯйи ин ҳодиса парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.